БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумиро ривоҷу равнақ бахшида, ба сарчашмаи даромади устувор табдил медиҳем

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин тақвият  бахшидани робита бо маҳал дар  деҳаи Қушқияи поёни ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи баргузор гардид. 

Зимни мулоқот раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Раҷабзода Маҳмадсаид  иштирок дошта,   оид ба   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Мактаб даргоҳи маърифат» суханронӣ  кард.  

Дар ҷараёни мулоқот бо дастгирии сокинони маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон ташкил карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Баъдан доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид   сокинони деҳа Равшанов Алиқул ва Тӯйчиев Маҳмадулло   вобаста ба хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён намуда, иброз доштанд, ки роҳандозии Аксияи ҳизбӣ, ки  дар арафаи соли нави хониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, якдилона дастгирӣ намуда,  баҳри  иҷрои саривақтии  ҳадафҳои некбинонаву созандаи ҲХДТ  саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Дар охир сокинон  тасмим гирифтанд, ки ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ривоҷу равнақ дода, онро ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg