БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон Ватани ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихӣ

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Садбаргоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, рушди ҳунарҳои мардумӣ,  ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши  касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани  Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, инчунин иқрори Аёмиддин Сатторов, ки  яке аз муассисони ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки тариқи  шабакаҳои телевизионӣ бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам»  пахш гардид, ба дарки ҷомеа расонида, бори дигар мардумро аз амалҳои хоинонаи  ТТЭ ҲНИ ҳушдор доданд.

Дар охири чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg