БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият –орзую оромони ҳазорсолаи миллати мо

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Оҳучашмаи ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳал ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба тирамоҳу зимистони пешомад, риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Зимнан қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои халқи Тоҷикистон дар шароити мураккаби таърихӣ ба даст омадааст ва шоҳсутуни усувори давлатдории миллиамон мебошад. Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддас барои ҳар ҳар як шаҳрванди Тоҷикстони азиз ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз ҳамчун нишонаи олии адои ин қарз заррае ҳам бошад гузоштани саҳми арзандаи худ дар шароити имрӯза дар гулгуншукуфоии Тоҷикистон ин ободкорию созандагӣ мебошад, ки имрӯз ин амал аз ҷониби тамоми аҳолии мамлакат бо маром идома дорад. Амалҳои мазкур собити онанд, ки халқи шарафманди Тоҷикистон дар паҳлуи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода барои пешрафту тараққиёти диёри маҳбубамон заҳмат кашида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg