БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбӣ мардумро бори дигар руҳбаланд сохт

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат»-и деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа, кисмати тарғиботии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Сипас, дар назди сокинон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал,  озмунҳои ҳизбӣ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, дар ин раванд Аксияҳои ҳизбиро  мавриди баррасӣ қарор дод.   

Иштирокдорон суханрониҳои судманди мавсуфро якдилона пазируфта, иброз доштанд,   роҳандозии Аксияҳои ҳизбӣ, ки барои беҳбудии розгори босаодати мардум ва  шукуфоии як гӯшаи диёр нигаронида шудааст,  камари ҳиммат баста, баҳри пешрафту таракқиёти Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони азиз саҳми муносиб хоҳем гузошт. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg