БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда доранд

ХОВАЛИНГ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир  намуданд.

Ҷамъомадагон аз андешарониҳои  масъулин дар бораи муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла   Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуруии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, терроризму экстремизм ва роҳҳои мубориза ба муқобили онҳо, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, алахусус сомонаҳои интернетӣ,  эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза ба зидди нашъамандию нашъаҷалобӣ,  коррупсия ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ дастгири намуданд.

Баъди баромади Ш. Набиев  иштирокдорон  Ҷ. Абдураҳимов, С. Боронов, С. Фатҳуддинова сухан карда, дар шароити рӯз то рӯз афзудани хавфу хатари терроризму экстремизм, ҷаҳонишавӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ аҳли нишаст ва дигар сокинони деҳаро ба муттаҳидӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуруии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Сокинони деҳа бо ҳунармандӣ дар ноҳия ва берун аз он шуҳрат доранд.

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиши ҳунарии ҳунармандони деҳа, ки ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, хеле диданӣ буд. 

Дар аксияи ҳизбии гузаронидашуда сокинони деҳа ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” иҷрои як қатор корҳои созандагию бунёдкориро дастаҷамъона ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg