БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ дар маҳал рушд карда истодаанд

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар ташкилоти ибтидоии  “Лангар” бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ғафурзода Фирдавс бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯри масъулин оид ба рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, қайд карданд, ки  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситон аст. Аз ин рӯ, моро  мебояд, ки  баҳри иҷрои ин супоришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз имрӯза дида хубтару беҳтар намоем.

Занону бонувони ҳунарманди деҳаи Далдахӯрон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон  хушнуду сарфароз буда, бо ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg