БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли пурфайз аст

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардуми дар деҳаи Гулчини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок намуда, аз дастовардҳои ҳунармандони деҳаи Гулчин дидан намуд.

Дар ин чорабинӣ ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар рафти чорабинӣ Абдуллоев Ваҳобиддин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”. Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаҳои сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg