БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон иштирокчиёни фаъоли Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Восеъ Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" Додарзода Давлаталӣ  доир гардид.
Дар Аксияи мазкур аъзои фаъоли намояндагии  ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба истиқболи сазовори 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро анҷом доданд.

Чунин корҳои созандагиву ободонӣ  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, алалхусус аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  ҳудуди ноҳия  бо маром идома дошта,  онҳо ният доранд ҷашни пурифтихори миллат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назррас  истиқбол  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg