БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳр вусъат ёфта истодааст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ширкати хонаҳо» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар  он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳайати роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок намуданд.

Зимнан Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид  ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд. Сипас, қайд дошт, ки оид ба тозаву озода гардонидани кӯчаю маҳалаҳои шаҳр баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам сохти шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, маъракаи шанбегиҳо гузаронем.

Дар ин чорабинии ободониву тамизкорӣ кормандони тамоми корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ширкати фаъолона варзанд. Бояд мо аз ин ҳам зиёдтар баҳри кишварамон заҳмат кашем, кишвари худро дар байни дигар давлату миллат намунаи ибрат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg