БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободӣ ва озодии Ватани азизамон мақсаду мароми мо ҳизбиён аст

КУШОНИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асроров Саидшо дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз қабили сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавридӣ хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ого ҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза ба онҳо  гузаронида шуда, дар он кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ карда, афзуданд, ки Тоҷикистон дар ҳама давру замон дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаааст. Ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирандмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвари мо осмони софу беғубор ва кабутарони сафеди сулҳ парафшонӣ мекунанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордил, адибону зиёиён, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъвт ба амал меорад, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанд, зеро иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg