БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба манфиати соҳа ва такмили малакаҳои касбиашон истифода баранд

КӮЛОБ. Хониши сиёсӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафобахш» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафобахш», сардухтури Маркази саломатии №1 Абдураҳмонов Бобохон иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада қайд кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи интернет ба ҳисоб меравад. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҷавонони мо аз онҳо хеле зиёд истифода меберанд, дар баробари воқиф шудан аз хабарҳои ҷолиб ва саргармкунанда боз дар пайи худ таҳдиду хатарҳои зиёде дорад, ки ҷавонони содда ва гумроҳе, ки дастраси ба интернет доранд зуд ба доми худ меафтонанд. Аз ҷумла, яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар зиндагии имрӯзаи мардуми мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ зуҳур намуда истодааст. Дар айни ҳол моро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро дар ҷомеа баланд бардорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg