БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботи созанда баҳри осудагии рӯзгори мардум

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи марказӣ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ сокинони деҳот ҳунарҳои мардумиро ба маърази намоиш гузоштанд. Масъулин пас аз дидани намоиши омоданамудаи сокинони деҳот дар қисмати дуюми чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар чорабинӣ раиси ҷамоати деҳоти ба номи Г.Гулмуродов Махсудшо Раҳимов иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба пешгирӣ ва гароиши ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии хатари экстремистию террористӣ суханронӣ кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ чанде аз сокинон изҳор намуданд, ки мо ҳамаҷониба ҷонибдор ва тарафдори ҳадафҳои созандаи ҲХДТ буда, баҳри рушди босуботи кишвар ва амнияту осоиштагии давлату миллати худ ҳамеша саҳмгузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg