БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ омили ҳифзи амнияти иқтисодист

Ҷ.БАЛХӢ. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳавасманд намудани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар хона ва дар ин росто бо шуғл фаро гирифтани занони деҳот мебошад.

Чунин як чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи ба номи Докучаеви ҷамоати деҳоти Фрунзе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта буданд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдулҳаев Маҳмадсаид кушода, зимни баромад атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидан, сокинон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи зиёд пайдо карда, корҳои хонагиро ҳамчун манбаи даромади соф қабул намуданд. Дар идома Алиев Зафар зимни суханронӣ доир ба мавзӯъҳои дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва мубориза бар зидди онҳо ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ баромад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg