БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мо расидан ба зиндагии шоиста мебошад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии фермерии «Асадулло», бригадаҳои №18, №19, №20 ва №21-и хоҷагии мазкур бо аъзову ҷонибдорони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Саидзода Раҳмон Азим дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар  ибрози андеша намуда, инчунин дар  идома моҳияи озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба ҷамъомадагон фаҳмонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg