БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия Моҳира Одинаева ва Шарифзода Сафаралӣ дар деҳаҳои Навобод ва Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо аҳолӣ вохӯрӣ гузарониданд. Зимни вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев оид ба  соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба мардум фаҳмонидани қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа баромад кард. Баъдан Одинаева Моҳира дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагиву ҳунарҳои мардумӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо андешаронӣ намуда, инчунин дар идома моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба дарки ҷомеа расонид.  

Дар охир масъулин аз ҷараёни намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки башида ба соли Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд,  дидан намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg