БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ заминагузор ба ояндаи босаодати кишвар аст

ПАНҶ.Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Хуҷаи Хлоз»-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор гардида, ҳамзамон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, ташаккули фарҳанги техникии мардум суҳбат карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҳасанова Нигора ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Комилов Сироҷиддин иштирок карда, зимни суханронӣ оид ба   иқрори Аёмиддин Сатторов, ки роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи наҳзати исломӣ буд, зикр карда шуд.

Зимни баромадҳо қайд гардид, ки душманони Тоҷикистон - аъзои гурӯҳи зархаридони наҳзатӣ дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо охундҳои эронӣ барои ноором кардани вазъи кишварамон бо поймол кардани нангу номуси миллӣ  садҳо амали ваҳшиёнаро анҷом додаанд.

Ин амалҳои душманонаи хоинони миллатро иштирокчиёни вохӯрӣ сахт маҳкум намуда, нисбати фурӯхташудагони миллати тоҷик лаънат хонданд.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳалла идома ёфта, меҳмонон аз онҳо дидан намуданд.

Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоӣ Пиров Раҳмон ва  якчанд нафар занони ҳунарманди маҳалла  аъзои ташкилоти ибтидоии “Хуҷаи Хлоз” барои пешкаш намудани маҳсули ҳунарашон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg