БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадоранд

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти  ибтидоии «Бӯстон»-и кӯчаи Ҷамолиддин Каримзодаи шаҳри Норак вохӯрӣ  доир гардид. 

Дар вохурӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳо аз Паёми навбатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ меҳанпарастӣ ва гирифтани касбу ҳунарҳо,  эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак  аз тарафи муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия андешаронӣ карда шуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он  баромад намуда, иброз дошт, ки  ҳар як фарди ҷомеаро  зарур аст дар  таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва аз болои онҳо  назорати махсус баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg