БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирӣ аз маҳсулоти пастсифат ин манфиат ба зиндагии осудаи сокинон аст

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Маркази эпидемиологии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.  

Дар хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таҳлили амиқи маҳсулоти ғизоии воридшаванда, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифат, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат бо каррупсия баррасӣ карда шуданд.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази эпидемиологӣ»-и ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин,  аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии номбурда  М. Мирзобаротова баромад намуда,  миннатдории худро оид ба дастгириҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028  баён намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg