БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар қосидест, ки тамаддунҳоро мепайвандад

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ҷаврези ҷамоати деҳоти  ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимни мулоқот мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва оламиён яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти мо ҳизбиён маҳсуб меёбад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ бемуболиға инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифамонро ба саҳми аҳли олам расонем ва тавонем нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ идома диҳем. Ин буд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ҳамчунин раиси маҳаллаи Ҷаврез Тайлонова Зулфия иброз намуд, ки ба василаи касбу ҳунари аслӣ ва воло шахс ва миллатеро ҷаҳониён мешиносанд ва маҳз бо ҳамин омил башарият аз фарҳангу тамаддуни миллату халқиятҳо огоҳ мегарданд. Гузашта аз ин, ҳунар қосидест, ки тамаддунҳоро мепайвандад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg