БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табиб бояд дасту дили пок дошта бошад

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Беморхонаи №2-и ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ  соати сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз рӯи Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ ва вазифаву мақсадҳои асосии ҳизб ба саъми иштирокчиён  расонида шуда,  таъкид карда шуд, ки ҳар як аъзои ҲХДТ вазифадор аст дар рушду пешрафти ҷомеа фаъол ва саҳмгузор бошад, сидқан ба давлату миллат хизмат намояд.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии  “Беморхонаи № 2”  Гулиев Ҳакимҷон зимни суханронӣ  қайд намуд, ки имрӯзҳо  табибони мо  баҳри солимии ҷомеа ҳамаҷониба талош варзида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ташхиси тиббӣ гузаштани навхонадорону шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бар мегарданд,   дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намуда истодаанд.  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда  ташкилоте мебошад, ки дар ҳудуди ноҳия  дар чорабдиниҳои сиёсиву фарҳангии  ҳизбӣ фаъолона  иштирок дошта,  аввалин шуда аз уҳдаи иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии  «Минбари халқ”  ва “Ҳамрози халқ» ба пуррагӣ баромадааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg