
ХОВАЛИНГ.Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 16 феврали соли равон ҷиҳати то охири соли 2019 таъмин будани ҳамаи сохторҳои ҳизбии кишвар бо бинои маъмурии ҳизбӣ ироа гардид, дар саросари вилояти Хатлон сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ оғоз гашта истодаанд.
Дар ин росто, санаи 09.08.2018 дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло намояндагони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло ва Шоҳиён Абдураҳим ва дигар шахсони расмӣ ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳусни оғоз бахшида шуд. Тавре дар чорабинӣ вобаста ба ин иқдоми нек зикр гардид, сохтмони бинои ҳизбӣ тибқи дастури Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зудтарин фурсат ба анҷом расонида мешавад.
Бояд қайд намоем, ки дар вилояти Хатлон айни замон дар 7 Кумитаи иҷроия ҲХДТ – Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Левакант, Фархор, Ҷайҳун, Қубодиён ва Носири Хусрав биноҳои ҳизбӣ мавриди истифода қарор дошта, дар 8 шаҳру ноҳияи дигар - Кӯлоб, Норак, Восеъ, Темурмалик, Ёвон, Шаҳритуз ва ҳамакнун Ховалин корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, бомаром ҷараён доранд.