БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳам сатҳи зиндагии худро баланд мегардонад ва ҳам ба мардум манфиат мерасонад

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.

Нахуст,  Гадоӣ Сайдалиев атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон»,  «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳои сатҳи маҳал» андешаронӣ намуда, занону бонувони ҳунармандро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

Дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба мардум расонида шуда, онҳоро барои  дар амал татбиқ намудани он  раҳнамоӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg