
Ш.ШОҲИН. Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсозӣ» ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм суханронӣ намуд.
Инчунин, дар идомаи хониши сиёсӣ мавсуф моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, афзуд, ки он маблағҳое, ки дар тӯйю маъракаҳои хурсандиву азодорӣ сарф менамоед, хуб мешуд дар хариди ашёи таълимии фарзандон, ки барои оғози соли нави хониш рӯзҳое ба шумор мондаанд, таъмиру тармими хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зисти хеш, инчунин дасти кӯмак дароз намуда ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа сарф кардан даъват ба амал овард. Инчунин Аксияи ҳизбии “Якҷоя хал мекунем!” ба иштирокдорони хониши сиёсӣ писан омад.