
ВАХШ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар маҳаллаи «Б.Ғафуров» Аксияи тарғиботӣ-амамлии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» эълон карда шуд.
Сокинони маҳаллаи мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташаббуси неку ватандӯстонаро якдилона ҷонибдорӣ намуда, субҳи барвақт хурду калони маҳалла ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Иштирокчиёни Аксияи ҳизбӣ таҳти шиори «Якҷоя ҳал мекунем!», корро бо маром оғоз намуда, кӯчаву роҳравҳо ва ҷӯйбору обравҳои маҳаллаи зисти худро аз буттаву алафҳои бегона ва партовҳо тозаву озода намуданд.
Корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ дар партави Аксияи ҳизбии номбурда бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан бо маром идома дода мешавад.