БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал мусоидат менамоем

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Тарзи ҳаёти солим” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор  намуданд.          

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷабор кушода,  дар рафти суханрониаш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда,  инчунин ҳодисаи фоҷиабори  куштори сайёҳони хориҷӣ, аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ  дар ноҳияи Данғара  ба вуқӯъ омадаро, муҳокима кард.

 Иштирокдорон пас аз суханрониҳои судманд амали ваҳшиёнаи қотилони ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум намуданд. Ҳамчунин изҳор карданд, ки қотилону хоинон Ватану миллат ва сарзамини орзуҳо, охират надоранд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg