ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии «Худойназар Холматов» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим Носир бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолон ҷиҳати амалигардонии ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷори ва оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонону наврасон аз майл ба гуруҳҳои ифротӣ, истифодаи дурусту самараноки технологияи муосир ва ҳифзи ҳувияту асолати миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар баробари баррасии масъалаҳои номбудрда ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъомадаро, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардида буд барраси карда шуд. Ҷамъомадагон ин амали қотилонаву разилонаи хоинони миллатро сахт маҳкум намуданд.