БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои террорист ба ҳадафи нопоки худ ҳеҷ гоҳ намерасанд!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ»   бо иштироки  раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим  оид ба муҳокимаи  ҳодисаи нангини  дар ноҳияи Данғара бавуқӯъомада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, ки  амалкардаи  ин фоҷиаи мудҳиш  аъзои ТТЭ ҲНИ мебошад,  хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Нахуст,  Абдукарим Носирзода  ҳодисаи даҳшатбори  куштори сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша  бо фармоиши  ТТЭ ҲНИ  ба амал омадаро барраси карда,  ҷамъомадгонро бори  дигар ҳушдор дод, ки  ҳушёру зиракии  сиёсиро  аз даст надиҳанд, ҳангоми  ворид шудани  шахсони  бегона  дар маҳали зист, роҳу кӯчаҳо ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар иртибот бошанд, ба таълиму тарбияи  насли наврасу ҷавон назорати ҷиддӣ баранд,  барои огоҳ сохтани мардум аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ  бештар корҳои таблиғотиву ташвиқотиро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин, дар  рафти хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ  раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg