
А.ҶОМӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот С.Ашӯров ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Самадзода Саёҳат дар китобхонаи марказии ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ соати сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан С.Ашӯров оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ва Саёҳат Самадзода бошад, дар бораи тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ карданд.
Баъди ба анҷом расидани хониши сиёсӣ ба иштирокчиён аз ҷониби масъулин маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд. Иштирокчиён ин вохӯрии ташкилшударо мақсаднок ҳисобида аз намояндагони ҳизб даъват карданд, ки чунин вохӯриҳоро пайваста роҳандози намоянд.