БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамлаи аблаҳонаву ғайриинсонии ТТЭ ҲНИ-ро ҳеҷ як соҳибватан намебахшад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмакрасон» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамлаи гурӯҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ба амал омада буд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб инчунин нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара нисбати 7 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи террористиву экстремистӣ ба амал омада буд, ибрози андеша намуда, ин амалро амали хиёнаткорона, аблаҳона ва ғайриинсонӣ номида бо щаовозии иштирокдорон онро маҳкум карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg