БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати ҳизбиён ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард" хониши сиёсӣ доир намуданд.

Мавзӯъҳои асосии хониши сиёсӣ вобаста ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳарактҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва илмомӯзӣ, ҳамчунин, оид ба сарфакорию сариштакорӣ ва истифодаи дурусти заминҳои корам ба сокинон тавсияҳои судманд дода шуд.

Ҳамчунин масъулин зимни суханронии худ ҳодисаи нангине, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Данғара рух додаро муҳокима  карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ,  ҳифзи марзу буми кишвар даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg