БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои ифротиро маҳкум мекунем!

ВОСЕЪ. Бо мақсади гирифтани пеши роҳи падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм дар деҳаи Анористон-3-и ҷамоати деҳоти А. Рӯдакии бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Шаҳноза Раҷабова атрофи ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара нисбати 7 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи террористиву экстремистӣ ба амал омада буд, ибрози ақида намуда, ин амалро қотеъона маҳкум намуд.

Дар идома Сафархони Муҳаббат қайд намуд, ки мо ҷавонон бояд пеши роҳи ин гуна воқеаҳои нанговарро гирем ва нагузорем, ки хиёнаткорон сулҳу оромӣ, амнияту осудагӣ ва Ваҳдати миллии моро халалдор созанд. Барои ин моро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, дар роҳи таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонони кишвар ҳиссагузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg