
Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи дуюми соли 2018 дирӯз дар маҳаллаи Энгелси ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок намуда, оид ба фоҷиае, ки дар ноҳияи Данғара рух дода буд, андешаронӣ карда, сокинонро аз хавфу хатарҳои ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ бештар огоҳ намуд.
Инчунин, мавсуф дар ин раванд оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои характери эктремистию террористидошта, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳо, донишандӯзӣ суханронӣ карда, мардумро ба корҳои созандагиву ободонӣ баҳри боз ҳам пешрафтаву ободтар гардидани Ватани азизамон ҳидоят намуд.
Дар охири чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии хӯрокҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки аз намоишгоҳ ҳамагон дидан намуда, ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои сазовор дода шуд. Ҳамчунин иштирокдорон изҳор намуданд, ки дастархони пур аз нозу неъмати мо сокинон аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.