БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеа ҳодисаи даҳшатбори гурӯҳи ҷиноятпешаро сахт маҳкум кард!

А.ҶОМӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳизбиён»  баргузор гардид.

Ҳадаф аз  баргузории вохӯрӣ ба аҳли ҷомеа расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ буда, масъулин атрофи масъалаҳои номбурда андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар ин раванд ба шахсони муттасаддӣ  расонида шуд, ки ҳодисаи даҳшатбори  куштори сайёҳон аз ҷониби гурӯҳи муташакккили  ҷинояткор дар ноҳияи Данғара  рухдодро дар байни аҳолӣ  мущокима карда ҷиҳати маҳкум намудани  кирдори нангини гурӯҳи ҷиноятпеша корҳои тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ намоянд.

Дар охир  масъулин иброз доштанд, ки  волидайнро  зарур аст бобати ин воқеаи нанговар, ки давлату миллатро  ба ташвиш овардааст, фарзандони  худро беназорат нагузоранд ва дар таълиму тарбияи онҳо ҷиддӣ рафтор кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg