
ФАРХОР. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо иштироки кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фархор» хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин баромад намуда, сараввал атрофи маҳкум намудани амали террористие, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккилӣ ҷиноятӣ дар ноҳияи Данғара анҷом дода шуда буд, суханронӣ намуд. Сипас, оид ба дигар хатару таҳдиди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба чунин ташкилоту ҳаракатҳо, раҳнамоии мардум ба роҳи хештаншиносию ифтихори миллӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, мавсуф бо овардани мисолу таҳлил ва муқоисаҳо ба ҳозирин моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳу усулҳои ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои сердаромад ва рӯ овардан ба соҳибкорию хоҷагидорӣ ибрози ақида кард.