БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои маърифатию сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ идома доранд

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ки аз курси бозомӯзии кормандони ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар  бармеоянд, аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон кормандони ҳизбӣ бо роҳи баргузории чорабиниҳои сиёсӣ амали намуда истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ ва меҳнат» бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ва дар доираи татбиқи Аксияи  тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромадҳо шунида шуда, ҷиҳати дар  сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст намудани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ гардид.

Дар идома Холов Диловар дар баромадаш оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ибрози андеша намуда, даъват ба амал овард, ки ҳизбиён баҳри сарфаю сариштакорона  истифода бурдани ҳар қатра об ва  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи  ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳо  саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg