БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшони Ватан

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Лоҳур намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба тирамоҳу зимистони пешомад  суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки халқи шарафманди тоҷик то имрӯз баҳри беҳтар гардонидани зиндагии худ ва пойдории давлат ранҷу машақатҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст ва ба сӯи шукуфтанҳо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg