ПАНҶ. Хонишҳои сиёсӣ, ки таблиғкунандаи Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, бо ин васила донишини сиёсии ҳизбиёни корхонаву муассисаҳои ноҳия баланд шуда, дар ин росто фаъолияти онҳо дар амали шудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҳизб бештар мешавад.
Дар шабакаи барқи ноҳияи Панҷ бо ташаббуси гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Барқ» хонишини сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва воқеаи нангини рӯзи 29 июли соли ҷорӣ содиршуда баргузор гардид.
Нахуст, масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба фоҷиаи аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонони ифротӣ ба хотири халалдор кардани амнияту суботи Тоҷикистон махсус таҳрезӣ шудааст, баромад карданд.
Тоҷикон аслан дар ҳама давру замонҳо дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо робитаҳои неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу суббот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаанд, ки ин яке аз маромномаҳои сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вале зархаридони хориҷӣ бо содир кардани ин сангинтарин амал мехостанд, ки амнияту оромии кишварро халадор созанд.
Баъдан зимни баромадҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ба ин гуна амалҳои нангин дода нашуда, ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошанд.
Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии «Барқ»-и шабакаи барқи ноҳия М.Файзализода зимни суханронӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.
Аввалин бор дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ пурра бадошта шуд. Ин боис мешавад, ки сокинон ҳангоми истифодаи нерӯи барқ эҳтиёткорона ва сарфаю сариштакориро риоя намоянд.
Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри заҳмату меҳнати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва барои рушди соҳаи энергетикии Тоҷикистон дар бунёди нерӯгоҳи барқии Роғун ҳамаҷониба саҳмгузор бошем.