НОРАК. Вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонае, ки санаи 29 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ-2” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс вохӯрӣ доир карда шуд.
Иштирокчиён фоҷеаи нангини рухдодаро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки барои саривақт пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанди худ масъулияти баланд дошта бошанд. Аз надоштани саводи кофӣ ва маълумоти пурра ҷавонони тоҷик ба доми гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ афтода, кирдорҳои разилонаю ваҳшиёнаро анҷом дода истодаанд. Инчунин, қайд карда шуд, ки имрӯзҳо ҳар яки моро мебояд фарзандони худро дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем, зери сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гардида, даст ба дасти ҳам дода, барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳми муносиби хешро гузорем, нагузорем ғуборе фазои софи моро тира созад.
Бори дигар тамоми занон, модарон ва ҷавонони шаҳри Норак амали ваҳшиёнаи аъзои ТТЭ ҲНИ-ро қатъиян маҳкум намуданд.