БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фоҷиаи мудҳиши қотилон ба мардум бори дигар ҳушдор дод, ки оромӣ неъмати пурарзиш аст!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова, ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал,  тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ,  гурӯҳи 24 ва дар бораи ходисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омада буд, изҳори нигаронӣ карда, ҳодисаи мазкурро амали ноҷавонмардона гуфта, қатъиян маҳкум намуданд.

Инчунин, ба аёдати пирони рӯзгордидаи деҳаи мазкур рафта, бо онҳо суҳбати самиона анҷом доданд. Дар ин раванд дар мулоқот бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз кабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg