БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷаҳду талоши мо барои ояндаи дурахшону босаодати Тоҷикистон!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Чорсада 1-и  ҷамоати деҳоти Лолазор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок ва андешаронӣ намуд.

Зимнан, Каримов Пирмаҳмад атрофи мавзӯъҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои хурди ҳунаромӯзӣ барои аҳолии маҳал ба ҳамин восита таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии оилаҳо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо метавонем, аз имкониятҳое, ки дар сатҳи маҳал барои рушди ҳанарҳои мардумӣ мавҷуд аст, истифода намуда, амалҳои созандаеро дар пайи татбиқи  босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат роҳандозӣ кунем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф бори дигар фоҷиаи дар  ноҳия ба вуқӯъомадаи гурӯҳи  авбошони аъзои ТТЭ ҲНИ, ки барои таркондани  иншооте дар шаҳри Норак омодагӣ гирифта буданд,  хотиррасон  намуда, аз онҳо барои  аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ,  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон  даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg