БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шахсони маъюбу дармонда низ аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи буда ба онҳо диққати махсус бояд дод!

ВОСЕЪ. Бо мақсади дастгирии маъюбон, бо мақсади бештар гардидани бовариашон  ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо баҳри рушди минбаъда бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила дар ташкилоти ибтидоии “Хона-интернати маъюбон”-и ноҳия бо табибони соҳаи мазкур хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни мулоқот бо кормандони мактаб- интернат масъулин қайд намуданд, ки шахсони маъюб низ  аъзои  комилҳуқуқи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳо ба ҳаёти мукаммал ҳуқуқ доранд ва бояд шаъну эътиборашон таъмин гардида, дарҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.

Маъюбон доимо дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.

Инчунин, дар ин раванд  масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуда, онҳоро  ба эҳёи анъанаҳои неки мардумӣ, хизмати содиқона ба давлату миллат, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg