
КӮЛОБ. Доир ба ҳодисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба миён омада ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зудамал” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.
Зимни он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зудамал” Ахмедов Суҳроб иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, қайд кард, ки суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, раванди осоиштагии мардумро таъмин менамояд. Ин неъмати бебаҳо, ки арзиши баланд ва ҷойгоҳи сазоворро соҳиб мебошад, хостаи асосии мардуми олам маҳсуб меёбад. Мутаасифона, боз гурӯҳҳои тандгарое ҳастанд, ки бо мақсадҳои ғаразноки худ мехоҳанд давлати моро пароканда ва миллати моро сарсону парешон созанд.
Иштирокчиёни мулоқот амали ноҷавонмардонаӣ гурӯҳи ҷиноиро, ки дар ноҳияи Данғара рӯзи 29.07.2018 анҷом доданд, маҳкум намуда, гуфтанд, ки имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.