
А.ҶОМӢ. Дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», бо иштироки ҷавонони соҳаҳои мухталифи ҷомеаи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Самадзода Саёҳат оғоз намуда, ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ омадро, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гашт, муҳокима намуд. Инчунин, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Гулов Раҳматулло ва мудири бахши фарҳанги ноҳия Далатов Фахриддин оид ба ин ҳодисаи нанговар суханронӣ намуда, амали ҷавононе, ки дар доми фиреби хоҷагони хориҷӣ афтодаанд, маҳкум карданд.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд баромад карда, оид ба заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мушаххас андешаронӣ кард.
Ҷамъомадагони вохӯрии мазкур ин ҳодисаи нангинро бо як овоз маҳкум карданд.