БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба душманони дохилӣ ва хориҷӣ шадидан мубориза мебарем!

ХОВАЛИНГ. Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, аъзои гурӯҳи  авангарди назди Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нощия оид ба  амали террористии рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара рухдода ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТдар ноҳия Сафар Халилов кушода, дар бораи амали мудҳиши террористии содиршударо муҳокима карда, онро шадидан маҳкум намуд.

Инчунин мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки душманони Тоҷикистон- ҲНИ дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо  ДИИШ барои бадном кардани миллати меҳмондӯсту меҳмоннавози тоҷик, бо мақсади монеъа эҷод намудан ба рушди сайёҳӣ дар кишвар қасдона ва бадбинона бо дасти хидматгорони манқурти худ, ки миллат, Ватан, нангу номуси миллӣ, қадру қимати падару модар барояшон арзише надорад, ин амали ваҳшиёнаро анҷом доданд.

 Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ноҳия ин кирдори нангинро маҳкум  намуда, дар ҷавоб ба  ин амали террористӣ гуфтанд, ки дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, бар зидди душманони дохилӣ ва берунӣ муборизаи беамон мебаранд.

Дигар баромадкунандагон оид ба бетаваҷҷуҳии падару модар дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арзишҳои миллӣ, омӯхтани дониш ва интихоби касби дилхоҳ андешарони карда аз онҳо даъват намуданд.

Сокини маҳалла, омӯзгор  А. Абдураҳимов аз номи бошандагони деҳа амали ғайриинсониро, ки боиси бадном шудани миллати тоҷик гурӯҳи авбошон анҷом доданд, сахт маҳкум намуд. Ӯдар охир  ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  барои ташкили чунин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg