БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимӣ ва сулҳу суботи ҷомеа – ҳадафҳои асосии ҲХДТ буда, ҳимояи ин арзишҳо рисолати ҷонии мо шаҳрвандон аст!

ПАНҶ. Хонишҳои сиёсӣ, ки мақсад аз баргузории онҳо баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва маънавии сокинон мебошад, аз тарафи  масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ пайваста роҳандозӣ гардида истодаанд.

Ин навбат машғулияти сиёсӣ дар толори  Беморхонаи марказии ноҳия  бо иштироки аъзои  ташкилоти ибтидоии «Шифо» атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд  бардоштани маърифат  ва масъулияти сокинон  гузаронида шуд.

Хониши сиёсиро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳозиринро бо самтҳои асосии   фаъолияти ҲХДТ шинос  намуда,  қайд намуд, ки ҳодисаҳои нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара аз тарафи гурӯҳи нохалафони ҷиноятпеша, ки бо 7 нафар сайёҳони хориҷӣ содир намуданд, тамоми ҷомеаи кишварро ба изтироб овардааст. Ин ҷинояти нобахшиданӣ, ки аз тарафи ҷавонони гумроҳи   аз дину маърифат бехабармонда бо роҳбарии нохалафоне, ки мақсадашон халалдор сохтани сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азизи мо мебошад,  содир карда шудааст, ҳамчун онҳо хоинони миллат ва Ватан  ҳисобида мешаванд. иштирокдорон қайд доштанд, ки мо ҳизбиёни ноҳия ин амалиёти терорристии содишударо қотеъона маҳкум  намуда,  даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ин гуна амалҳои номатлуб  мардум бетараф  набошанд. Баъдан, Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ, оид ба пайомадҳои номатлуби ҷомеа, мушкилоти экстремизм ва терроризм суханронӣ намуда, зикр кард, ки айни замон дар  ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти экстремистию террористӣ  арзи вуҷуд дошта, амнияти ҷомеаи ҷаҳониро дар як вазъияти ногувор қарор додааст.

Дар идома сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Умронов Нурмуҳаммад оиди мавзӯи хониши сиёсӣ баромад намуда, сабабҳои сироят ёфтан ва сарчашмаҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  амсоли бемории сил, ВНМО, Гепатити С, ки имрӯз  асосан кӯдакон мубталои он мешаванд муфассал маълумот дода, оиди роҳҳои пешгирӣ ва табобати онҳоро ба ҳозирин фаҳмонида дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg