БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Марг ба наҳзатиҳои лаънатӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо!

НОРАК. Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонае, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи аъзои  ҳизби террористии наҳзати исломӣ анҷом дода шуд, бо сокинони минтақаи манзилии №3 шаҳри Норак вохӯрӣ доир карда шуд.

Иштирокчиён фоҷеаи нангини санаи 29 июли соли равон рухдодаро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки барои саривақт пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанди худ масъулияти баланд дошта бошад.

Имрӯз аз надоштани саводи кофӣ ва маълумот ҷавонони тоҷик ба доми гуруҳҳои террористиву эктремистӣ афтода, кирдорҳои разилонаю ваҳшиёнаро анҷом медиҳанд, ки хосси фарҳанги таҳаммулпазирии миллати мо нест.

Онҳо қайд намуд, ки имрӯз ҳар яки моро мебояд фарзандони худро дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Дар атрофи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе зиндагии осудаи моро халалдор намояд.  

Бори дигар тамоми занон, модарон ва ҷавонони шаҳри Норак ин амали ваҳшиёнаи аъзои ТЭТ ДИИШ ва ҲНИ-ро қатъиян маҳкум менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg