БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён амалкарди гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуданд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” дар мавзӯъи “Ҳизбиён муборизи гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷомеа” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба мафҳуми экстремизм ва терроризм, сабабу  омилҳои пайдоиши он ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни худ мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон андешаронӣ намуд.

Махсус қайд карда шуд, ки дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза таъкид бар он менамоянд, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад,  бинобар ин ба иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротгаро, ки бештар тавассути сомонаи “Интернет” пахш мегарданд, нашаванд, бо сайқал додани дониши худ, омӯзиши илмҳои замони муосир саъю кӯшиш намуда, дар ободонии кишвар ва таҳкими сулҳу оромии он талош варзанд.

Дар зимн иштирокчиён ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро дар ноҳияи Данғара маҳкум намуда, ҳисси нафрати худро нисбати наҳзатиҳои лаънатӣ баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg