
ВАХШ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар маҳаллаи Фидокори ҷамоати деҳоти
Тоҷикободи ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Тарғиби тақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа дар роҳи мубориза бо терроризм" хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Маҳмадов Одилҷон зикр кард, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар буда, аз манфиат холӣ нест, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.
Инчунин, дар чорабини намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони маҳаллаи номбурда маҳсули дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузоштанд ва иштирокдорон аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.