БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони кишварро аз раванди мағзшӯии наҳзатиёни террористу дигар гуруҳҳои ифротӣ ҳимоя мекунем! (дар ҳошияи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон)

АНДЕША. Ҳодисаи нангини террористие,  ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби аъзои ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва байъаткардагони ДИИШ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, тамоми ҷомеаи кишварро такон дод. Мо ҳизбиёни ноҳияи Ёвон низ ин амали ваҳшиёнаву хоинонаро маҳкум менамоем.

Тавре маълум аст, имрӯзҳо аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм, аз ҷумлаи падидаву ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон хатар эҷод мекунанд.

Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҳар минтақаҳои ҷаҳон корбарӣ намуда, ҷавононро мағзшӯӣ менамоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои динӣ бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алоқамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон овора мешаванд...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ бошад, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Ҳодисаи нангине, ки рӯзи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  аз ҷониби гурӯҳҳои муташккил ба вуқӯъ омад, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон илҳомбахши ҷомеа ва қудрати тавонои созанда мебошанд. Дар тамоми дунё давлату ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳама кишварҳо ба ҷавонон, ҳамчун ба нерӯи муҳофизи миллату мамлакат ва қувваи пешбарандаи ҷамъият эътимод доранд.

Дар навбати худ, ҷавонони иззатмандро лозим аст, ки  ин эътимоду боварии халқу Ватанро арҷгузорӣ намуда, малакаву маҳорат, далериву ҷасорат ва қуввату қудрати худро баҳри тараққиву таҷаллии сарзамини аҷдодӣ равона созанд, даврони гулгулшукуфии ҳаёти худро ғанимат шумурда, барои ҳаёти зебои оянда саъю талош варзанд.

Насли ҷавон бояд дар замири худ ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул дода, ба ин васила дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Сулҳе, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бонангу номуси миллат ба даст омадааст, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Бинобар ин наврасону ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин зуҳуроти нангин мубориза баранд ва баҳри ободии кишвари азизамон -Тоҷикистон саъю талош намоянд.

 Мақсудҷон Раҳматуллоев-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg