БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маорифчиён амали нагини наҳзатиёни террористро маҳкум мекунанд!

 Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара  вилояти  Хатлон   бавуқӯъомадаро, ки  боиси  марги   сайёҳони  хориҷӣ  гардид, қотеъона маҳкум  намуда, ҷиҳати  ҳарчи  зудтар  огоҳ  намудани  сокинон  аз  ин  ҳодисаи  нанговар ва  пешгирии  чунин  воқеаҳо  бо  сокинони  ҷамоатҳои  деҳот,  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо  вохӯрию  суҳбатҳо  баргузор  намуда истодааст.

Ин навбат вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 26  баргузор гардид, ки дар он  Алиева Сураё фоҷиаи сахти  гурӯҳи муташаккил дар куштору захмин кардани сайёҳони хориҷиро  муҳокима  намуда,  аз ҷамъомадагон  ҷиҳати  ошкору  ба мақомотҳои  ҳифзи  ҳуқуқ  хабар  расонидани   ашхоси  ношиносу  шубҳаноки  дар  маҳаллаю  деҳаҳои  ҳудуди  ноҳия  воридшаванда   корҳои  фаҳмондадиҳиву  таблиғотиро  ба  роҳ  мондан даъват намуд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон  ҳамлаи ваҳшиёнаи  ҷинояткоронро сахт маҳкум карда, афзуданд, ки мо масъулон  бар зидди чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муборизаи беамон хоҳем бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg